Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба гирдаш боғ бо сад ноз мегуфт:
– «Гули зебои рангоранг бишкуфт.
Ба одам саҳнаи ман шўълабор аст,
Баҳор асту баҳор асту баҳор аст».
Ба гирди ҳавз сабза сар кашида,
Ба ҳар ҷо лолаи зебо дамида.
Тамоми рустаниҳо пок буданд,
Ба рўйидан ҳама чолок буданд.
Ба чашмат барги сабзи навбаҳорӣ
Дурахшон буд мисли гўшворе.
Нафас бигрифта аз боғи суманбў,
Паридан дошт паранда ба ҳар сў.
Ду-се рўз аст, ки борон хамўш аст,
Садои раъди барқафшон хамўш аст.
Ба сўйи офтоби оламоро
Сари худро ҳама карданд боло.
Намегаштанд сер аз шўълаи рўз,
Гули себаргаи аз гард маҳфуз.
Ҳаво софу шаби торик дур аст,
Замин монанди уқёнуси нур аст.
Латофатбор дашту кўҳсоранд,
Ҳама шодоб аз файзи баҳоранд.
Ба наздам пирамарди шарқ дидам,
Ба нур онро саропо ғарқ дидам.
Адиб аз нур давлатманд гашта,
Ба нур аз ҷону дил пайванд гашта.
Ҳамеша равшаниро орзу дошт,
Умед аз бахту аз рўзи накў дошт.
Вале дар ҳуҷраи танги Бухоро
Намешуд равшаноӣ ҳеҷ пайдо.
Дар он ҷо ў намедонист, ки чун,
Барояд офтоб аз бурҷи гардун.
Чӣ сон аз осмони пурситора
Заминро моҳ месозад назора.

пешина
аз 143
навбатӣ