Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

VII
Баромад Қодир аз деҳ бо ҷавонон Қадам партофта чун марди майдон.
Баромад ў чу аз як деҳаи хурд, Раҳ онро сўйи майдони калон бурд.
Ба майдоне, ки бахти насли инсон Чу гўй имрўз афтодаст дар он, Ба майдоне, ки бо хун бояд он ҷо Ҳимоят кард ҷонона Ватанро.
Ба рўйи ҳар ҷавон буд тозаю тар Ҳанўз он бўсаи падруди модар.
Ба дасти ҳар ҷавоне як асар буд, Асар аз гармии дасти падар буд.
Барои ёдгорӣ нарм бўсе Гирифта ҳар ҷавон аз ҳар арўсе.
Ба пеши чашми Қодир буд намудор Ҳанўз он ҷилваҳои қомати ёр.
Саодат кокулашро тоб медод, Ҳанўз ў дидаашро об медод.
Ба ў гул дод дасти меҳрубоне, Ки буд аз рангу бўяш гул нишоне.
Гумон мекард, ки дар рў ба рўяш Ҳанўз он ёр дорад пурсуҷўяш.
Ҳамепурсид: – Чун кўшӣ ба ёдам?
– Занам душман чунон ки ваъда додам.
– Ба монанди чӣ мегардӣ аз ин роҳ?
– Аз ин раҳ шер мегардам, на рўбоҳ.
– Дар ин ҷо ман чӣ сон шодат намоям?
– Ба меҳнат зуд агар гирӣ ту ҷоям.
Ба худ мегуфт Қодир, ки касам ҳаст, Чу кўҳе такягоҳе дар пасам ҳаст.
Суруди алвидоӣ хонда мерафт, Қадамҳо чун баҳодур монда мерафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё