Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Табъ сарбозу қалам шамшер шуд,
Посбонаш назми оламгир шуд.
Адлҷўён ў ҷаҳонгардӣ кунад,
Дар адои қарзи худ мардӣ кунад.
Зулм гарчи карда мўяшро сафед,
Лек мегўяд, ки дунё боумед.
Файз Аҳмад ҳам зану фарзандро
Дар баҳои ҷон харад монанди мо.
Ҳар гаҳе, ки ёди Покистон кунад,
Ёд аз ношод фарзандон кунад.
Гиряи фарзанд озораш диҳад,
Аз ғазаб қудрат ба гуфтораш диҳад.
Гиря дорад, дўстам, аз гиря фарқ,
Талх бошад гиряи фарзанди Шарқ.
Асрҳо бигрист шарқӣ зор-зор,
Шарқ шуд аз гиряи он шўразор.
Вақти бозӣ, вақти шўхӣ беибо
Мекунад Парвези мо ҳам гиряҳо.
Ҳар куҷо, ки бача бошад, гиря ҳаст,
Лекин он гиря дигар, ин дигар аст.
Ҷони ширин, фарқ кун дар кўҳсор
Селро аз обҳои чашмасор.
Дар Ватан фарзанди мо бадбахт нест,
Модари он ҳам зани сарсахт нест.
Дар диёри мо шуд одам арҷманд,
Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.
Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд.
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Кард зан вазъияти моро дигар,
Чун насими тоза дохил шуд ба сар.
Чашми хоболудро бедор кард,
Ҷоҳилу гумроҳро ҳушёр кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё