Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дур шуд зан – модар аз аҷзу ниёз,
Тифл дар гаҳвораи ноз аст, ноз.
Кўдакон шодон қадафрозӣ кунанд,
Кайф карда хандаву бозӣ кунанд.
Шодии фарзанд чун афзун шавад,
Рўйи модар бештар гулгун шавад.
Саъй бинмо, то набинад насли мо
Баъд аз ин манҳус рўзи ҷангро.
Саъй кун, фарзандҳо олим шаванд,
Бар ҳама сайёраҳо ҳоким шаванд,
Хандаву эҷодкориҳо кунанд,
Халқро эъҷози нав савғо кунанд.
Ҷони ширин, як нафас осуда бош,
Як нафас чун ғунчаи бикшуда бош,
Як нафас биншин ту дар паҳлуи ман,
Як нафас хандида бингар сўйи ман.
Ёд кардам ҳарфи ширини туро,
Меҳрбониҳои дерини туро.
Гарчи пур шуд аз сафедӣ мўйи мо,
Гарчи пайдо гашт чин дар рўйи мо.
Орзу бисёр дорад дил ҳанўз,
Ҷўши ишқи ёр дорад дил ҳанўз.
Орзу дорад, ки болу пар занад,
Гул ба мўҳои сафедӣ сар занад.
Орзу дорад, ки бинад дурро,
Ҳикмати ояндаи машҳурро.
Хаймаи заррин занад бар рўйи моҳ,
Бар замин аз моҳ то созад нигоҳ.
Як нафас биншин, гапамро гўш кун,
Суҳбати имрўзаро пурҷўш кун.
Аз сафар овардаам савғои хуб,
Ёди ёрон, ёди одамҳои хуб.
Ёди онҳое, ки ҷонон одаманд,
Дар ғами осудагии оламанд.

пешина
аз 143
навбатӣ