Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Гар ба онҳо дил диҳӣ, ҷон медиҳанд,
Ҷон ба роҳи аҳду паймон медиҳанд.
Бо ту то мурдан бародар мешаванд,
Дар ғаму шодӣ баробар мешаванд.
Сулҳ гўӣ, мисли гул хандон шаванд,
Ҷанг гўӣ, аз ғазаб тўфон шаванд.
Пурҳарорат нест бе сулҳ офтоб,
Дар замин ҳам нест файзи беҳисоб.
Нест бахту нест парвози нишот,
Нест ин ҳусну латофат дар ҳаёт.
Халқҳоро ҳастии мо хуб шуд,
Давлати мо – давлати маҳбуб шуд.
Ҷони ширин, бин, чӣ сон сулҳ аст зўр,
Бин, чӣ сон шуд дўстӣ моро зарур.
Шиква дорӣ, ки фалон бадгўй зан
Таъна зад, писханд зад рўзе ба ман.
Чун маро бинад, лабашро каҷ кунад,
Суҳбати бисёр талху фач кунад.
Гўяд он аз беваҳо ҳам бадтарӣ,
Шавҳарат ҳасту вале бешавҳарӣ.
Раҳми кас ояд ба танҳоии ту,
Рўзҳо, шабҳо ба раҳпайии ту.
Ҷони ширин, ин қадар дигар маранҷ,
Аз пичингу таънаи занҳои ланҷ.
Гар зане лаб каҷ намояд, ғам махўр,
Менамояд ҳазл шояд, ғам махўр.
Аз дугона сахт ранҷидан хатост,
(Дўстонро ноз кардан ҳам равост).
Беҳтар он ки суҳбати дигар кунем,
Бо ҳаёли дўстон гап сар кунем.
Ҷашни шоир Рўдакиро ёд ор,
Доштӣ дар хона меҳмон бешумор.
Меҳмон аз дуру аз наздик буд,
Оламе дар хонаи тоҷик буд.
Рус омад, турк омад аз дарат,
Духтари ҳиндӣ нишаст андар барат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё