Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман наям беошён парандае,
Ман наям дар лаб тасодуф хандае.
Дар ҳамин ҷой аст манзилгоҳи ман,
Дар ҳамин ҷой аст равшан роҳи ман.
Дар ҳамин ҷо ман ба дунё омадам,
Дар ҳамин ҷо чашмбино омадам.
Дар ҳамин ҷо ёфтам авҷу камол,
Дар ҳамин ҷо зиндагии безавол.
Дар ҳамин ҷо шуд садои ман баланд,
Дар ҳамин ҷо дўстро гаштам писанд.
Ҷони ширин, дар ҷавонӣ сохтем
Хонае ҳарду, ба ў дил бохтем.
Бингар он торафт чун дигар шавад,
Хонаи тоҷик равшантар шавад.
Бингар он оғўш чун во мекунад,
Во ба сўйи халқи дунё мекунад.
Бингар он чун бо ҳақиқат ёр шуд,
Дўсташ ҳам дар ҷаҳон бисёр шуд.
Ҷони ширин, аз саодатҳои ту
Худ гувоҳӣ медиҳад маъвои ту!
1959
ХАЙР, МОДАРИ АЗИЗ
Модарам, меравам аз пеши ту ман
Ба дифои шарафу шаъни Ватан.
Меравам, то ки зиреҳ пўшам ман,
Дар раҳи фатҳу зафар кўшам ман.
Хабар омад, ки ба тороҷи чаман
Боз карда пари худ зоғу заған.
Модарам, дар сари хашму ғазабам,
Бар сари гарму тани ғарқи табам
Мепарам сўйи фазо мисли уқоб,
То кунам зоғи сияҳро дарёб.
Мепарам рў ба ҷанубу ба шимол,
То ки орам ба сари хасм завол.
Барқсон пора кунам абри сияҳ,
То насозад рухи хуршед панаҳ.
Сангаму оҳанаму пўлодам,
Сипари мамлакати озодам.
Аз сари лонаи ҷуғзон гузарам,
Бомба резонда чу борон гузарам.
Ғазабам оташу қаҳрам пир аст,
Синаам тўпу парам шамшер аст.
Мебарам дар сари болам тобон
Ахтари толеи халқони ҷаҳон.
Кӣ тавонад, ки маро банда кунад,
Халқро аз ватанаш канда кунад?!
Ин фақат хоби фашистона бувад,
Орзуи саги девона бувад.
Модар аз чеҳраи гулгуни писар
Нарм бўсиду гирифташ дар бар,
Гуфт: «Рав, ҷанги далерона бикун
Ҷанг бо лашкари бегона бикун.
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар».

пешина
аз 143
навбатӣ