Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Фурсате рафту зи паҳлуи саҳоб
Ҷилва кард ахтари пурнури уқоб,
Чашми модар ба фазо дўхта шуд,
Рухаш аз шўъла барафрўхта шуд.
1941
СЕ НОЗАНИНИ ШАРҚ
Нақл кунам сурати се нозанин,
Сурати се ҳусни самову замин,
Сурати се мўъҷиза, се нодира,
Сурати се лавҳаи хушманзара,
Сурати се воқеаи безавол,
Сурати се рўзи саиди висол,
Сурати се замзамаи Шарқро,
Шарқи фурўзандатар аз барқро.
I
Бандаи дирўза зани Шарқ буд,
Дар сари он зан кафани Шарқ буд.
Рўйи зани Шарқ, ки дар парда буд,
Ҳусни варо парда панаҳ карда буд.
Бе рухи зан Шарқ баҳоре надошт,
Зан ба ғами Шарқ қароре надошт.
Модари машриқ ба ин сарзамин
Дод агарчи зани зеботарин,
Шарқ вале чун қафаси танг буд,
Дашти ғарибонаи якранг буд.
Шоири дилбохта гарчи намуд
Бар қадаму хоки дари зан суҷуд,
Рўйи занонро гули хушбўй гуфт,
Қоматашон сарви лаби ҷўй гуфт.
Гуфт: «Даҳан – ғунчаву абру – ҳилол,
Чашми сиёҳаш чу рамида ғизол…»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё