Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ғўза мегуфтам, ки карбоси маро пўшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав дўшида буд.
Чашма мегуфтам, ки омад кўза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барқ мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.
Шаҳд дар комаш ҳамеша талхтар аз заҳр буд,
Ҳам шариат, ҳам тариқат сарвари бадқаҳр буд,
Модари бечораи ту, мухтасар, сар то ба по,
Як зани н-осудаю як муштипар дар даҳр буд.
Як зани дигар, ки дар деҳ беш аз сад сол дошт,
Модарат, – мегуфт ў, – дар кунҷи лаб як хол дошт.
Кулчарў, занҷирмў, дар қадду қомат чун ниҳол,
Гар саволе ояд аз мулло, забони лол дошт.
Модарам, дар ёди ту гашту гузоре мекунам,
Баҳри меҳри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари қабрат шиоре мекунам.
Дўст дорам, модарам, бо ёди ту қишлоқро,
Рўдҳои нуқрагину нилгун офоқро,
Ҷилвагар дар боми мактаб лолагун байроқро,
Ҳамзамон қишлоқиёни дар муҳаббат тоқро.
Шеър гўям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гўям, бар сарам ояд ҳавои модарам,
Солхўрда гар зане рўзе дучор ояд ба ман,
Гўямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷойи модарам!
1966

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё