Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

ДИЛИ МОДАР
Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд.
Агарчи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман,
Агарчи борҳо бегонаи дилсанг дидам ман,
Ба уммеде, ки бинам чоҳканҳоро ба зери чоҳ,
Намурдам, гарчи бо чашмам аҷал ҳар ранг дидам ман.
Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам,
Шаби тўйи арўсӣ ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро
Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам.
Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
Саросар сўхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз,
Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз,
Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз!
ЗАН, ЗАН АСТ
Синну соли зан ба кас пурсидан аз одоб нест,
Синну соли хешро гуфтан ба занҳо хос нест.
Зан, зан асту дар ҳама ҳолат чу зан мемонад он,
Ин муаммоест, ки ҳоҷат ба пурсу пос нест.
Аз зани имрўзаи мо ҳикмату эъҷоз пурс,
Дар фазои зиндагӣ кайфияти парвоз пурс.
Дар замин зан меравад, сайри кавокиб мекунад,
Давраи мо кард занро дар ҳунар мумтоз, пурс.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё