Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Як назар кун, рўди ман, атрофи ту тағйир ёфт,
Аз дами ту дашти бирён чораву тадбир ёфт,
Гарчи бепарво дили ман раҳ ба сўят дер ёфт,
Ҳарчи бошад, ҳусни ту дар шеъри ман тасвир ёфт.
Боз мебинам, ки рўдам, ту ҳамонастӣ, ҳамон, Пеши ту ман дар суҷудам, ту ҳамонастӣ, ҳамон, Дил ба рўят ман кушудам, ту ҳамонастӣ, ҳамон, Гўш нокарда сурудам ту равонастӣ, равон…
ЧЎПОН
Чўпон ба сари кўҳу чаридан рама дорад,
Аз санг ба харсанг ҷаҳидан рама дорад.
Бўйи гули кўҳию алафзори чарогоҳ
Дар панҷаи бод асту давидан рама дорад.
Чун абри сафеде, ки гирифтаст фазоро,
Чодар ба сари сабза кашидан рама дорад.
Сарчашма занад ҷўш, аз он барра кунад нўш,
Аз ҷўйи сафобахш паридан рама дорад.
Дар дасти шўбон чўб хитобест ба душман,
Гургон ба ҳаросанду рамидан рама дорад.
Чўпон нигарад бо назари меҳр ба поён,
Аз қуллаи кўҳсор хамидан рама дорад.
Ишқу ҳаваси дидани ин манзари зебо Ман дораму ту дориву дидан ҳама дорад.
1967

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё