Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

ОБИ ДУШАНБЕ
Аз кўҳи баланд аст равон оби Душанбе,
Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе.
Ҳарчанд ки ҷорист ба сад асру замонҳо,
Бо ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе!
Бас модари он синаи пуршаън ҷибол аст,
Хушкидани сарчашмаи ин об муҳол аст.
Густурда табиат ба раҳаш сабз гилеме,
Дорои замин асту замон, ҷоҳу ҷалол аст!
То дашти калон сар-сари санг аст равона,
Аз мағзи дара «маҳмил»-и танг аст равона.
Ҳар қатраи худ то ба ҳама халқ расонад,
Бо монеаҳо толиби ҷанг аст равона.
Дар соҳили он манзили ман ҷой гирифтаст,
Як боғу чаманзор саропой гирифтаст.
Бо оби Душанбе шуда ҳамсояи наздик,
Ҷо аз ҷигари мамлакати бой гирифтаст.
Пас умри ману оби Душанбест муқимӣ,
Дар кишвари ман зиндагию зист муқимӣ.
Монанди мани шоири дилдодаи ин об
Дар рўйи ҷаҳон боз дигар кист муқимӣ?
1963
РЎДИ МАН
Рўди ман, олам дигар шуд,
ту ҳамонастӣ, ҳамон,
Сарзаминат пурсамар шуд,
ту ҳамонастӣ, ҳамон,
Даври ман, даври ҳунар шуд,
ту ҳамонастӣ, ҳамон,
Дидаю дил пуршарар шуд,
ту ҳамонастӣ, ҳамон.
Осмон дар синаи ту аксандозӣ кунад,
Бо ҷамоли ту ситора шўхию бозӣ кунад,
Оламеро ҳусни ту аз хештан розӣ кунад,
Моҳи гардун дар дили шаб гарданафрозӣ кунад.
Медавӣ дар кўҳсору сар ба сангон мезанӣ,
Уштури мастӣ магар, ҳар сўй ҷавлон мезанӣ?
Даст бар сар мўхарошон, рўхарошон мезанӣ,
Қатраҳои сардро бар кўҳсорон мезанӣ.
Дар канорат то саҳаргаҳ ҷой кас гирад, хуш аст,
Бо нигоре домани ишқу ҳавас гирад, хуш аст,
Ҷойи сабза давра дар болои хас гирад, хуш аст,
Фориғ аз кори ҷаҳон як дам нафас гирад, хуш аст.
Тезтар, бурротар обат аз дами шамшер ҳам,
Софтар аз оби чашми тифли бетақсир ҳам,
Пурҷилотар аз рухи хуршеди оламгир ҳам,
Тундтар аз бод ҳам, аз бодпо нахчир ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё