Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

КЎҲ
Кўҳ ором аст, аммо дар дилаш дорад шарар,
Боду абри рўзгорон аз сараш дорад гузар.
Кўҳ ором аст, доим кўҳвор истодааст,
Чашмаҳояш то ба уқёнусҳо дорад сафар.
Чун баровардӣ садо, акси садо ояд зи кўҳ,
Гар ба сўяш по ниҳодӣ, танг гирад дар камар.
Кўҳро бинӣ ҳамеша сарбаланду бовиқор,
Дар фазояш пар занад танҳо уқоби тезпар.
Нест мисли кўҳ чизе пуртаҳаммул, пуртавон,
Чунки дорад бар сараш байрақ зи хуршеди саҳар.
Дар ҷавонӣ порае аз кўҳ будам, баъд аз ин,
Сад қасам, ки ман ҷудо аз ў намегардам дигар.
1975
ҚАЛАМ
Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам.
(Аз халқ)
Қалам гўяд, ки асбоби шарифам,
Ба дасти ҳар зарифе ман зарифам.
Қалам гўяд, ки инсонро азизам,
Ба дасти покдил афтам, тамизам.
Қалам гўяд, ки инсонро яроқам,
Яроқи иттифоқам, ҳам нифоқам.
Агар афтам ба дасти ҳақшиносон,
Зи рўйи ҳақ кунам хизмат ба инсон.
Мусаххар бо сухан созам ҷаҳонро,
Намоям маҳрами дилҳо забонро.
Муҳаббатро, садоқатро сароям,
Ба ҳам пайванд ҷонҳоро намоям.
Намоям фарқ гулҳоро ман аз хор,
Намоям фарқ дилбар аз дилозор.
Диҳам ман сарбаландӣ мардҳоро,
Намоям дур аз дил дардҳоро.
Ба тасвир оварам ҳусни заминро,
Ҷаҳони нав, ҳаёти дилнишинро.
Кунам бедор ҳисси ошиқонро,
Бақои нав диҳам умри ҷавонро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё