Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агар ман бо қаламкаш дўст монам,
Қаламкашро ба мақсудаш расонам.
Агар афтам ба дасти нохалаф ман,
Шавам тири маломатро ҳадаф ман.
Асир афтам агар бар дасти нокас,
Намоям зиндагониро мулаввас.
Ҷаҳон торик чун зиндон намоям,
Ҷафову ҷабр бар инсон намоям.
Дурўғу рост бофам, ҳарза бофам,
Суханро тез созам, дил шикофам.
Агарчи ширро донам сафед аст,
Вале гўям сиёҳ асту палид аст.
Ба дасти нокасон гардам гирифтор,
Шаванд аз ман тамоми халқ безор.
Ба монанди аҷал оям ба ҳар дар,
Хўрам коғаз, хўрам ҷону хўрам сар.
Кунам хурсанд ман табъи бадонро,
Суханчину мунофиқ одамонро.
Зи ман – аҳли қалам, бошед огоҳ,
Нагардам то силоҳи дасти бадхоҳ.
1975
ОШЁНИ БАЛАНД
Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кўҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он ҷо гузор.
Нестӣ ту булбули чўлӣ, ки афғон сар кунӣ,
Чашмро бо камтарин ашки надомат тар кунӣ,
Бевафоии гули хори биёбон дидаву
Манзили худро нишемангоҳи ғору ҷар кунӣ.
Ошён гар паст бошад, бод вайронаш кунад,
Бачча ҳам бозичаи дасти фалахмонаш кунад.
Гурбаи мискин, ки умре дар ғами болу пар аст,
Чўҷаҳои навпаратро роҳати ҷонаш кунад.
Дуртар парвоз кун аз лона – аз ҷойи баланд,
То ки парвози ту ояд дўстдоронро писанд.
То ба сўят чашми ҳайрат дўхта, гўяд Ватан:
«Эй хушо гаштаст фарзанди азизам арҷманд».
Гар кунӣ парвоз, парвоз аз уқобон ёд гир,
Аз давиданҳои аспи рўзгорон ёд гир.
Хоҳ гирйӣ, хоҳ хандӣ, чун баҳорон сабз бош,
Чанги роҳро шустан аз борони найсон ёд гир.
Гар кунӣ парвоз бо ёди падар парвоз кун,
Бобҳои тозаро дар пеши рўят боз кун.
Гулханеро, ки падарҳо дар раҳат афрўхтанд,
Машъали тобандаи дастони пурэъҷоз кун.
Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,
Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.
Нест чунки хеҷ чизе аз дили инсон баланд,
Ошёни меҳри худ дар мағз – мағзи ҷон гузор. 1967

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё