Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

АСРИ МАН

Шиквае аз ту надорам, асри ман,
Чун туӣ омўзгорам, асри ман.
Бахти хоболуди ман ҷунбондаӣ,
Соҳибэъҷозат шуморам, асри ман.
Дидаӣ дар беқарориҳои хеш
Тоқату сабру қарорам, асри ман.
Саргузашти ғулғуландози ту шуд
Боиси гуфтугузорам, асри ман.
Гоҳ гирён, гоҳ хандон кардаӣ
Тифли шўхи рўзгорам, асри ман.
Гоҳ рўятро гирифт абри сиёҳ,
Офтоби нурборам, асри ман.
Аз замин бардоштӣ то осмон,
Шуҳрату шаъни диёрам, асри ман.
Одамиро боз дар ҳайрат гузор,
Қувваи эҷодкорам, асри ман.
Дидаӣ дар имтиҳонҳои бузург
Аҳди худро устуворам, асри ман.
Сар фуровардам ба пеши зан, вале
Шуд фалак дар ихтиёрам, асри ман.
Гар накардам пурра қарзамро адо,
Авф кун, маъзур дорам, асри ман.

пешина
аз 143