Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас аз ин эҳтимол аст ин, ки дилдор
Нагардад бо мани бедида ғамхор.
Нахоҳад гар маро, дигар чӣ созам?
Чӣ сон шодӣ намоям, бо чӣ нозам?
Маро, мумкин ки гўяд, ту маибӣ,
Ту аз наззора кардан бенасибӣ,
Намезебад ба кўрон ишқбозӣ,
Миёни ошиқон гарданфарозӣ.
Касе хоҳам, ки дар умри ҷавонам
Маро ў бинаду ман дил ситонам.
Касе хоҳам, ки бинад то чӣ гуна
Миёни хубрўёнам намуна.
Касе хоҳам чу андозад назарро,
Ба зери зулфи ман бинад қамарро.
Муфассал нома бинвиштам ба маҳбуб,
Ки то ҳоли маро донад зи мактуб.
Дили ман рўзу шаб уммедвор аст,
Ҷавоби он ба дасти бахтёр аст.
Агар гўяд, ки банди аҳду паймон
На дар чашм аст, балки дар дилу ҷон.
Агар гўяд, ки то ҳастию ҳастам,
Ҳамон асту ҳамон аҳде, ки бастам.
Шуморад хешро хушбахт Қодир,
Ғами кўрӣ равад он гаҳ зи хотир.
Дар ин ҳангом ҷарроҳи ҳунарманд
Ситода бар сари бемор хурсанд.
Бипурсидаш зи лутфу меҳрубонӣ,
Ки аҳволат кунун хуб аст, ё не?
Ҷавобаш дод: «Хубам, ҳеҷ шак нест,
Ҳанўз аммо зи биноӣ дарак нест.

пешина
аз 143
навбатӣ