Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ҳакими меҳрбон, бас ранҷ дидед,
Барои ман азиятҳо кашидед.
Масозед ин қадар худро ҷигархун,
Ки дарди ман бувад аз чора берун.
Диҳед изнам, ба сўйи хона гардам,
Ки шояд з-ин алам бегона гардам».
Ҳаким аз таҳти дил хандидаю гуфт:
– Ту, охир гум накардӣ дидаро муфт.
Кунун ту қаҳрамони номдорӣ,
Ба чашми мамлакат боэътиборӣ.
Талаб дорад касе, ки некномӣ,
Ҳазар дорад касе, ки аз ғуломӣ,
Касе, ки ҷовидон созад шарафро,
Азиз дорад зафароранда сафро,
Ба монанди ту бояд мард бошад,
Дар ин раҳ марди пасногард бошад.
Бароят ман хате беҳтар ки хонам,
Ту онро гўш кун, осуда, ҷонам:
«Салом, эй шоҳбайти шеъри шоир,
Салом, эй достони халқ, Қодир!
Салом, эй пешоҳанги далерон,
Сароғози сипоҳи ҷонсупорон,
Сухан гарчи зиёд аз як китоб аст,
Вале фурсат каму кўтоҳ ҷавоб аст.
Ҷавобе, ки ба сўйи ту равон аст,
Ба мисли қосиде аз дўстон аст.
Дилам гуфтасту онро хомаи ман
Рақам кардаст дар ин номаи ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё