Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сафар кардӣ ҳамон рўзе, ки аз деҳ
Ба Рустам кардамат монанду ташбеҳ,
Умедам буд, ки бо қаҳрамонӣ
Намоён мекунӣ зарби ҷавонӣ.
Зи дастат об хоҳӣ кард душман
Агарчи ў бувад чун кўҳи оҳан.
Қадам чун паҳлавонон мениҳӣ ту,
Ба майдон доди мардӣ медиҳӣ ту.
Чу оташ хасм агар гардад фурўзон,
Ба болояш равӣ чун оби тўфон.
Набояд душманат пушти ту бинад,
Бибояд теғи ту, мушти ту бинад.
Чунон ҷангӣ, ки монӣ дар замона
Ба халқи худ зи фарзандӣ нишона.
Ту даъвои маро исбот кардӣ,
Ба аспат шоҳи душман мот кардӣ.
Шабу рўз огаҳам аз мардии ту,
Ба назди марг аз хурсандии ту.
Фиканда худ дар оташхонаи ҷанг,
Дар он овардаӣ ту тоб чун санг.
Ватан дар сўзиш афтоду ту дидӣ,
Ба чашмат ҷисми пурсўзаш харидӣ.
Машав навмед аз бедида гаштан,
Ки ҷояшро бигирад дидаи ман.
Ту вақте ки ба пеши ман биёӣ,
Чу нури тоза бар чашмам дароӣ.
Агар ойӣ, ту бинӣ, ки ба ёдат
Чӣ гуна корҳо карда Саодат.
Тамоми рўзҳоро нисфи шаб кард,
Зи хешу дигарон меҳнат талаб кард.

пешина
аз 143
навбатӣ