Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ҷанги аждаҳо омад ҷавоне,
Ҷавони номдору қаҳрамоне,
Баромад барқ аз шамшерронеш,
Садои гирдбод аз поймонеш.
Ба зарби паҳлавон аждар фано шуд,
Зи кулфат ҷони ҳар одам раҳо шуд».
– Ба сўйи Шарқ ояд мисли аждар,
Фашисти одамихўру ситамгар.
Хатар омад зану фарзанди моро,
Арўсони ба ҷон пайванди моро.
Саодат ҳам ба чашми интизорӣ,
Зи ман дорад умеди ҷонсупорӣ.
Чаро бефатҳ сўйи хона гардам?
Ба номардӣ чаро афсона гардам?
Раҳам бояд, ки сўйи разм бошад,
Зафар кардан ягона азм бошад.
Бигуфто: - Эй ҳакими дўстдорам!
Агарчи ёд кардам ман диёрам,
Дилам гўяд, ки тарки азми деҳ кун,
Ба ҷанг ою камони хеш зеҳ кун.
Ба майдон рав, ки ҳангоми набард аст,
Ватан ёриталаб аз теғи мард аст.
Замони интиқоми худситонист,
Барои халқ вақти ҷонфишонист.


Шабе рафту ба сўйи Ғарби торик
Равон шуд қаҳрамонфарзанди тоҷик.
Ба болои саманди мисли кўҳе
Намоён буд уқоби пуршукўҳе.

пешина
аз 143
навбатӣ