Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

ҚИССАИ ҲИНДУСТОН
Аз аҳолии Ҳиндустон 60.000.000 нафар ба кастаи «нафратзадагон»
тааллуқ доранд.
Маро рўзе ҳикоят кард бобо,
Ки бишнав, ҷони бобо, қиссаеро:
«Замоне буд берун аз Самарқанд
Ба чашми кас намоён кулбае чанд.
Дар он манзил, ки дур аз дигарон буд,
Махавҳоро ҷудоӣ аз макон буд.
Намеафтод онҳоро гузоре
На аз ёре, на аз хешу таборе,
Намедиданд рўзу рўшноӣ
Ба дунё ғайри хорию гадоӣ.
Махав мегашт рўзе гар намоён,
Аз ў пиру ҷавон мешуд гурезон.
Ҳамеша аз халоиқ дур мегашт,
Ба мисли зиндаи дар гўр мегашт.
Агар ўро касе медид дар роҳ,
Рафиқи хешро мекард огоҳ,
Ки, эй ҷўра! Ба атрофат назар кун,
«Махав омад, махав омад, ҳазар кун».
Махавкоса гаҳе дар дасти мискин
Хабар медод бо овози ғамгин,
Ки: - «Эй озодакас, бигрез аз мо,
Нарас ҳаргиз, нарас ҳаргиз махавро!»
Ту дигар дар Самарқанд инчунин кас
Набинию нахоҳӣ дид аз ин пас.
Кунун ман худ бигўям баччагонро
Ҳикоятҳои ғамноки ҷаҳонро:
Ба Ҳиндустон сафар кардам замоне
Ман аз ин кишвари чун бўстоне.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё