Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ин ҳама дар бешаи Ҳиндустон
Воҳиманоканд ба пиру ҷавон.
Гар биравӣ ту ба тамошои боғ,
Мекунӣ аз бўй муаттар димоғ.
Ҳеҷ надидӣ ту чунин чормағз,
Ҳеҷ бад-ин сон ананасҳои нағз.
Гар ба гулаш дидаи худ во кунӣ,
Ёди рухи духтари зебо кунӣ.
Ҳеҷ надидӣ ту чунин оби рўд,
Мисли хуми нилгарӣ каб-кабуд.
Зарду гулобӣ ҳашароти зиёд
Бинию асло набарорӣ зи ёд.
Ин ҳама дар домани Ганг аст, Ганг,
Қиссаи шўрафкани Ганг аст, Ганг…
Нақл намоянд, ки аз Ғарби тор
Кард сафар бандаи кибру виқор,
Дар бари худ карда либоси сафед,
Ҷой ба дил дода умеди палид.
Қувваи пурҷозибаи ин диёр
Кард дили мардаки ғарбӣ шикор.
Нест ҳудуде ба таманнои ў,
Туршии рў, бинии болои ў.
Дағдағаи ў зи ҳад афзун бувад,
Аз хиради одамӣ берун бувад.
Дар дили ў ҳеҷ надорад асар
Хубии ин мамлакати хокзар,
Қуллаи хушманзараи Ҳиндукуш,
Ҳар камару ҳар дараи Ҳиндукуш.
Абри баланди сари ин кўҳи пир,
Лаззати парвози уқоби далер…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё