Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Меравад аз пайраҳаи кўчабоғ,
Зинати он боғ накарда суроғ.
Мегузарад аз бари вайронаҳо,
Мадрасаю обидаю хонаҳо,
Мегузарад ў нанамуда назар,
Бо ҳаяҷони дилу шавқи басар.
Ишқи гулу нолаи булбул асар
Ҳеҷ надоранд ба ин раҳгузар.
Омаду бар гардани ҳинду нишаст,
Ҳар чӣ ки мехост, гирифт ў ба даст.
Пўсти рўбоҳу палангон гирифт,
Ҳосили бечораи деҳқон гирифт,
Пахтаю абрешиму гандум гирифт,
Нони даҳони ҳама мардум гирифт,
Шираи ин бойзаминро кашид,
Хуни дили халқи гадоро макид.
Ҳукми вай имрўз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост.
Ҳеҷ надидӣ ту чунин мақбара,
Қасру биноҳои аҷиби сара,
Гунбази он мадрасаҳои қадим,
Шаъшааи обидаҳои азим…
Нақшу нигори дару дарвозаҳо,
Тоҷмаҳал рафта дар овозаҳо?
Дидаӣ дар зери замин зинаҳо,
Софтар аз чеҳраи ойинаҳо?
Меваи ширини ба монанди қанд,
Сояи боғу чамани дилписанд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё