Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Ин магар афсонаи Бангола аст,
Қиссаи бадбахтии садсола аст!..
Мегузарад мағрибии худписанд
Карда сару бинии худро баланд.
Бозикунон чўбасоро ба даст
Шому саҳар роҳ равад мисли маст.
Дар сари ў нест ба ғайр аз ғурур,
Дар дили ў мақсади айшу сурур.
Баҳри чӣ ин мағрибии дилсиёҳ
Карда ҳарисона ба Машриқ нигоҳ?
Бурд дилашро магар ин сарзамин,
Бўйи хуши ин чамани нозанин?
Ё ҳаваси дидани бўзинаҳо,
Ё ба каф овардани ганҷинаҳо?
Нақл намоянд, ки аз Ғарби тор
Кард сафар одами бенангу ор.
Ном баровард ба сангиндилӣ,
Тухми ситам коштану ҷоҳилӣ.
Дар дили ў ҳеҷ надорад асар,
Нолаю фарёди падар ё писар.
Зинати боғу чамани дилфиреб,
Рўйи гулу савти хуши андалеб,
Қасру биноҳои қадимии ў…
Шўҳрати дерини азимии ў…
Бо сари пурфитнаю бо карруфар
Мекунад аз байни халоиқ гузар,
Мекунад ин ғарбии рўбаҳмиҷоз
Дасти тамаъро сўйи ҳиндӣ дароз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё