Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Дурри гаронро ба кафи ман бинеҳ,
Зар бидеҳу зар бидеҳу зар бидеҳ ».
Мегузарад дуртар аз издиҳом
Бе назари диққату бе эҳтиром.
Гоҳ намоён шавад ў чун сипоҳ,
Гоҳ ба монанди гадоёни роҳ.
Гоҳ чу як гурбаи пояндамуш,
Гоҳ гурезанда чу муши хамўш.
Ҳар чӣ ки мехост дар ин сарзамин,
Пурра даровард ба зери нигин.
Пўсти рўбоҳу палангон гирифт,
Ҳосили сарпанҷаи деҳқон гирифт.
Нуқраю тилло зи дили кон гирифт,
Тоқату ороми фақирон гирифт.
Ҳукми вай имрўз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост!
Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»
Тарк кунад кишвари Ҳиндустон.
Чунки дар ин мамлакат ин зарпараст
Ҳеҷ ба чизи дигаре дил набаст.
Сар назад аз мағрибии бекарам
Чизи дигар ғайри ҷафою ситам.
Тир назад мағрибии дилсиёҳ
Ҷуз ба дили халқ дар ин сайдгоҳ.
Гарчи дусад сол дар ин хона монд,
Боз ба ин оила бегона монд.
Ҳукми вай имрўз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост!
1947

пешина
аз 143
навбатӣ