Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ТАРА - ЧАНДРИ

Ба обу ранги нав Бедил чу омад дар ҷаҳони назм,
Аз ў ҳусни дигар омўхт боғу бўстони назм.
Сухан меронд сарбаста, ниҳон медошт маъниро,
Ба мисли донаи гавҳар, ки пинҳон аст дар дарё.
На муфтӣ буд, на мулло, на бетавфиқ рўҳонӣ,
Фақат мекард бар дунё нигаҳ бо чашми инсонӣ.
Сано бар Комде гўён, суруде аз Мадан хонон,
Ба тори назми худ овард ишқи поки ин ёрон.
Ба рақси Комде шайдо, ба овози Мадан мафтун,
Навишт ин номаи ушшоқ шоир бо дили пурхун.
Ба мисли Комде дар ҳусну дар санъат ҷаҳонгирӣ
Ту, эй раққосаи даврон, Тара-Чандри, Тара-Чандри.
Дили тоҷику ҳинду чун ду шамъи анҷуман афрўхт,
Ба доғи ин ду шамъи анҷуманафрўз Бедил сўхт.
Чу дидам дар диёри ту хазони бўстонеро,
Намудам ҷустуҷў аз Комде дар он нишонеро.
Чу дидам дар сари кўйи ту биншаста ғубореро,
Дар он аз Комде ҷустам нишони ёдгореро.
Ба вақти рақси мавзунат, ба чашмони пурафсунат
Кабўтар дар ҳаво, оҳу ба саҳро гашта маҷнунат.
Ба вақти чархгардонат, ба гирди пойи печонат
Намояд ҷилва дар чашмам пари товус ба домонат.
Ба зери анбарин зулфи сиёҳат чун қамар дидам,
Дар он аз офтоби Комде гўё асар дидам.
Агар хуршед буд Комде, ту монанди маҳи бадрӣ,
Ба рўйи осмони худ Тара-Чандри, Тара-Чандри.

Ғазал мегуфту дур месуфт Ҳофиз – шоири Шероз,
Суханро дода дар васфи шумо, ҷодугарон, пардоз.
Дили тоҷику эронӣ муҳаббатгоҳи Ҳофиз шуд,
Суруди ошиқон ҳамсуҳбати дилхоҳи Ҳофиз шуд.
Дилу ҷонро фидо кард ў барои чашми ҷодуе,
Ба зулфони суманбўе, ба холу хатти ҳиндуе.
«Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро».

пешина
аз 143
навбатӣ