Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бигў, моҳи нави ҳинду, чӣ сон чун зарра пайдо шуд –
Ҳамон холе, ки дорӣ дар миёни абрувони худ?
Наёвардам на дому донаи ҷодугарони ту,
На зулфони сиёҳи ту, на холи абрувони ту.
Маро овард дар пеши ту ёди дўстони ман
Хаёли дўстони давлати пуршаъну шони ман.
Ман аз мулки саодатманд – мулки тоҷикон оям,
Ба мисли аввалин бўи баҳор аз бўстон оям.
Ман аз рақси ту мафтунам, зи ҳолат лек маҳзунам,
Тара-Чандри…Тара-Чандри…макун ин қадр афсунам!

Чӣ хол аст он, ки дар тоқи ду абрўят кунад бозӣ,
Чӣ хол аст ин, ки Ҳофиз шуд ба ҳар қурбоние розӣ?
Магар дар осмони ҳусн моҳи тирае дорӣ,
Магар худ Зуҳраву чун Муштарӣ ҳамширае дорӣ?
Магар дар хонаи абрўи худ ганҷе ниҳон дорӣ,
Ки мисли мор зулфони ба гирдаш посбон дорӣ?
Марам аз дўст чун оҳу, ба ман сирри дилатро гў,
Тара-Чандри, Тара-Чандри! Ту, эй бозингари ҳинду!

Агар бо рақс бархезӣ, ҳавои форам ангезӣ,
Зи боғи санъати халқат ба гирди хеш гул резӣ.
Ба ҷунбиш мавҷи дарёӣ, ба лағзиш реги саҳроӣ,
Ҳунарманду ҳунарпеша зи сар то нохуни поӣ!
Сабук чун парниёнӣ ту, беҳ аз оби равонӣ ту,
Ба каф дурри гаронӣ ту, ба тан ҷонӣ ту, ҷонӣ ту!
Матарс аз шўълаҳои аввалини субҳи озодӣ,
Маларз аз боди даҳшатноки тўфон мисли шамшоде.
Умеду орзуи халқи худро дар дилат ҷо кун,
Дили пурҳасрати онро ба мисли ғунчае во кун.
Ту, эй фарзанди маҳбуби диёру кишвари бебахт,
Сияҳчашму сияҳабрў, сияҳмў, духтари сарсахт!
1947

пешина
аз 143
навбатӣ