Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДАР ЁДИ КАС

Нақш бандад солҳо дар ёди кас
Дашти бепоёну фарёди ҷарас.
Раъду барқу гиряи абри баҳор,
Мавҷи баҳру фикри дурии канор.
Мерасад гоҳо ба ёди одамӣ
Роҳати ҷон - бўстони хурраме.
Месарояд булбули ширинсухан
Рўзу шаб бо як забон дар он чаман.
Дар ҷаҳон кардам сафар ман борҳо,
Зиндагӣ санҷидаам бисёрҳо –
Дидаам ҳар гуна халқу кишваре,
Мамлакатҳои аҷоибманзаре.
Дидаам, ки олам аз баҳру бар аст,
Хислати ҳар кишвар аммо дигар аст.
Мерасад дар ёди кас беихтиёр,
Мулки зебое чу рўйи навбаҳор.
Дар назар ў ҷилва созад гоҳ-гоҳ
Аз ақиби пардаи абри сиёҳ.
Дар миёни мардуми ин сон диёр
Дўстӣ якбора гардад барқарор.
З-ин сабаб балки намудам ҷо ба дил
Ёди ёроне, ки кардандам гусел…
З-ин сабаб ҷо кардаам дар ёди худ,
Манзари шаҳрею дарёи кабуд.
Ҳалқаи майдони он аэродром,
Дидаҳои пурумеди издиҳом.
Қарнҳо гар зинда монам дар ҷаҳон,
Ман ба ёди худ нигаҳ дорам аён
Чеҳраҳои тираи ғамнокро,
Синаҳои чок-чоки покро,
Дастафшону ҳаросон дўстро,
Ҳайкали аз устухону пўстро.

пешина
аз 143
навбатӣ