Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Чархҳои аробаҳои калон
Мепаронданд лойро ба ҳаво,
Лойҳои парида мехўрданд
Ба сару рўю кифти одамҳо.
Ҳасан омад аробаро ронда Ба саройи аробаҳо пурхашм,
– Зуд во кун, саройбон, дарро Ком шуд асп, ҷав биёр! – Ба чашм.
– Чӣ бало рўзи наҳс шуд имрўз,
Ки ягон кори кас барор накард,
Аз саҳаргоҳ то намози шом
Барфу борон дигар қарор накард.
Суҳбату чақ-чақи аробакашон
Гарм дар гирди тоза гулхан буд,
Гирду атрофи хонаву айвон
Аз шуоъ, аз шарора равшан буд.
Ҳасан ин дам ба пеши гулхан рафт,
То кунад гарм дасту пояшро,
То ки нўшида чойи талхи кабуд,
Хушк созад либосҳояшро.
Чойҷўши сияҳ ба назди алав
Буд акнун балақ-балақ дар ҷўш,
Суҳбати гармро аробакашон
Менамуданд бо муҳаббат гўш.
Пеши чашмони аҳли суҳбатро
Хира мекард дуди ғафси чилим,
Чойкаш менамуд бо навбат
Ба каси нав пиёларо тақдим.
Чойро дода чойкаш ба Ҳасан
Гуфт, ки: – Нўш кун ба ҷони ғариб,
Дур гаштӣ аз одаму олам
Ту, ҷавонмарди яккагард, қариб.
Душману дўстро шинос, писар!
Дур парто ҳавобаландиро,
Каси одамгурез одам нест,
Кун фаромўш худписандиро.
Мо ҳам одам, аробакаш ҳастем,
Дўстӣ дар миёни худ дорем.
Гар ягон рўзи бад ба сар ояд,
Ҳамдигарро ҳамеша даркорем.
Ба ҳама кор ёфт мешаваду
Дўстро ёфтан бувад мушкил
То тавонӣ, диле ба дастат ор,
Машав аз дўстони худ баддил.
Наякӣ карда як аробакаше
Нашаро, менишаст чашмхумор,
Гуфт: – Беҳуда хун макун дилро,
Гапи бисёр ҳаст як хара бор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё