Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мўъҷизи тезгарди ҳайратбахш
Чун шамол омаду қарор гирифт,
Баҳри хўрдан на каҳ, на ҷав, балки
Бензину оби ҷўйбор гирифт.

Аҳли қишлоқ аз калон то хурд
Ба тамошои он шитобиданд,
Лаби ҳайрат газида дар гирдаш
Мисли парвона гирд гардиданд.

Аввалин боркаш - машинаи нав,
Аввалин нақлиёти резинпо
Омад аз Масква зи роҳи дур
Ҳамчу мушкилкушои халқи мо

Ҳасани ақлмотгардида
Ҳеҷ наншаст аз ҳасад ба замин,
Рафтуо кард мисли мокуе
Байни аспу аробаву мошин.

Монда айнак ба чашми худ Кузмич
Гуфт, ки:– Ибтидои кор аст ин,
Баъд аз ин техника зиёд ояд
Ба тарафҳои кўҳсорзамин.

Кўр шуд чашми рўзу шом омад
Соя афканд шаб ба гирду пеш.
Вақт омад, ки ман видоъ кунам,
Бо ҳама дўстону деҳаи хеш.
Бо ҳама баччагони ин қишлоқ,
Ки ба синну ба сол ҷуфти мананд,
Ҳама дар сохтмони оянда
Чашми уммеди меҳрбон Ватананд.

Чанд соли дигар видоъ кунам
Бо дару боми хонаи падарӣ,
Доим аммо ба ёди худ орам
Қарзҳои муқаддаси писарӣ.

Рўди қишлоқро видоъ кунам,
Ки маро ў шиноварӣ омўхт,
Бадани ман дар оби шўхи он
Сахт гардиду устухонам пухт.

Чун маҳи шомхўрда тобон шуд,
Дараву даштро мунаввар сохт,
Шўълаи моҳ сояи шабро
Ба камарҳои кўҳсор андохт.

Чархҳои ароба мегаштанд,
Дар раҳи серсанги пасту баланд.
Аспи дамҳоткардаи ҷавмаст
Мушкилиро наменамуд писанд.

Менамуданд рўдҳои соф
Дар шаби моҳтоб мисли шир,
Дили кас хоҳад ин ки онҳоро
Бо қалам нағзтар кунад тасвир.

пешина
аз 143
навбатӣ