Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Гўшро ҷуфт карда аспи ман
Монд аз раҳравию шеҳа кашид,
Ба гумонам расид, ки шояд
Аспи зирак савораеро дид.
Дар ҳақиқат, пас аз каме фурсат
Барқвор омаданд босмачиён,
Ба сару рўву гардану пуштам
Бетараҳҳум заданд теғкашон.
Ғарқ дар хун ба хок афтодам,
Баъд аз он бехабар шудам аз худ,
Чӣ гузашт аз сарам, надонистам,
Чун ба ҳуш омадам, касе нанамуд.
Буд танҳо аробаи холӣ,
Дастҳои ба пушт бастаи ман,
Рафта буданд аспу чою қанд
Муфт дар коми душмани раҳзан.
Аз қафо омаданд вақти субҳ
Дўстон дар аробаҳои дигар,
Ба Душанбе маро расониданд
Мисли мурғи шикастаболупар.
Чун ба ин ҷо расид риштаи гап,
Қасдан онро бурида пурсидам:
Пас, чаро боз якка мегардед
Баъд аз ин ҳодисае, нафаҳмидам?
Гуфт, ки: – Баччаи гаранг будӣ,
Ман чаро гардам аз паси дигарон?
Аспи ман, аспи бодпайи ман
Нест аз зоти аспҳои касон.
Дорад он дўст яккаву танҳо
Бол афшонда по ниҳоданро,
Аз сари кўҳу синаҳои дашт
Паҳлавонвор раҳ кушоданро.
Аспи бегона гар дучор ояд,
Мезанад ў ба осмонҳо хез,
Мана, аз ин сабаб аробакашон
Мекунанд аз саманди ман парҳез.
Баъд аз оне, ки аспро бурданд
Дуздҳои палиди ғоратгар,
То ки онро кунанд ром ба худ,
Равшан ин, ки шуданд хуни ҷигар.
Қашқаи ман пас аз ду-се рўзе
Ба саройи аробаҳо омад,
Ғарқ гардида зери обу арақ
Чорхезу гурезпо омад.
Қашқа дар лаҳзаҳои сахтӣ ҳам
Наравад дур як қадам аз ман,
Гар ба болои зин савор шавам,
Ҳеҷ парво надорам аз мурдан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё