Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дафъаи аввалин расид ба гўш
Ҳуштаку фишшаси буғи паровоз,
Охирин бор сўйи мо бинмуд
Хайрхўшикунон Ҳасан оғоз:

– Мана, ин шаҳр шаҳри Тирмиз аст,
Нуқтаи охирини роҳи мост,
Охирин манзили аробакашон,
Охирин ҳадди сайргоҳи мост.

Хонда аз Тошканд баргаштед,
Банда дар хизмати шумо бошад,
Мана дидед худ, ки то Тирмиз
Роҳ дар ихтиёри мо бошад.

Доктори мо чу тифл шодӣ кард,
Гуфт,ки: – Хайрият халос шудем.
Аз азоби раҳ, аз аробаи ту,
Варна наздик буд мурда будем.

То худи Москва пас аз ин шаҳр
Ҳукми поезд ба роҳ гардон аст,
Баъди ин шаҳр мамлакатгардӣ
Бо раҳи тахти оҳан осон аст.

II
Моҳҳо, солҳо шуданд охир
Дар раҳи ҷустуҷўи илму фан,
Вақт омад, ки мо камар бандем
Дар адои вазифаҳои Ватан.
Бо дили пур аз орзуву умед
Сўйи республика сафар кардем.
Ба ҳама рўзҳои минбаъда
Хубтар, дуртар назар кардем.

Мегузаштем зуд бо поезд
Ҳам Самарқанду ҳам Бухороро,
Аз ақиби тиреза медидем
Қадди Ому – васеъ дарёро.

Регҳои равони бодпараст
Мепариданд дар сари Омў,
Дам ба дам кўч-кўч мекарданд
Бетафовут ба ҳарду соҳили ў.

Умри ин регҳои резанда,
Нағз бовар намо, ки кўтоҳ аст,
Халқи мо, Давлати Советии мо
Аз зарарҳои рег огоҳ аст.

Балки ин регзор бехабар аст,
Ки дигар шуд ҳавои соҳили мо,
Рўдҳо роҳи худ иваз карданд
Ба суроғи замину ҳосили мо.

Рафт аз ёди мо манораи марг,
Чоҳи зиндону кундаву занҷир,
Револютсия бо шамоли худ
Рўфт монанди рег тахти амир.

пешина
аз 143
навбатӣ