Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

– Ба олам ин чӣ бадаҳдӣ, чӣ пастӣ?
Чӣ бешармӣ, чӣ расвоипарастӣ?
Агар душман кунун паймоншикан шуд,
Бибояд зидди ў дандоншикан шуд.
Ҳазор афсўс, ки бисёр пирам
Ба монанди зи шаст афтода тирам,
Вагарна зуд зин мекардам аспам,
Дубора мегирифтам роҳи касбам…
Илоҷе нест, мегўям писарро,
Ки гирад аспу шамшери падарро.
Дар ин ҷо пир агар тадбир ҷўяд,
Ба ҷойи пир асои пир гўяд.
Ба пеши халқ марди қадхамида
Нишаста, хеста омад расида:
– Писарҳоям! Ватан зери хатар шуд,
Ба мо Гитлери нокас ҳамлавар шуд.
Ҷавонони қавибозуи чун шер,
Ба ҳифзи мамлакат гиред шамшер!
Ба Қодир гуфт он пири ғазабнок:
Нишин маҳкам ба аспи зўру чолок,
Ту ҳам бо дўстонат рав ба майдон,
Нишон деҳ қудрати худро, писарҷон!
Далери ман, сазовори падар бош,
Чу шамшери падар соҳибзафар бош!
Писарҳоро даме хомўш-хомўш
Нигаҳ карданд духтарҳои гулпўш.
Ки бар ҳар як нигоҳе буд ҳувайдо
Адоват бар фашисти ваҳшисимо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё