Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

VI
Намоён шуд ба чашми субҳи шодӣ
Сияҳабре чу шоми номуродӣ.
Ки хасми фитнагар бишкаста паймон
Шуда лабташнаи хун, гушнаи ҷон,
Ҳуҷум овард бо оташфишонӣ
Ба тасхири ҷаҳони комронӣ.
Саҳаргоҳон баромад деви бадмаст,
Ба болои сари мо теғ бар даст.
Ба рўйи ин Ватан – ин бахткавкаб,
Хатар наздик шуд ҳар рўзу ҳар шаб.
Сипаҳсолори модар хашм афтод,
Ба ҷанги беамон фармони худ дод.
Рафиқон, дўстонашро садо кард,
Садо дар пешгирии бало кард.
Садо аз пойтахт, аз Маскав омад,
Садои раҳбари асри нав омад,
Садои раҳбаре, ки рўҳи халқ аст,
Шарики шодию андўҳи халқ аст,
Садои раҳбаре, ки халқ бо вай
Намуда роҳи чандин фатҳро тай,
Садои раҳбаре, ки дар дили халқ
Нишаста чун умеди комили халқ.
Ба одам гуфт хоки кишвари бахт,
Ки: «Гар ту дўст медорӣ маро сахт,
Агар хоҳӣ, ки бо ман зинда бошӣ,
Ҷавонбахту чу гул дар ханда бошӣ,
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез!
Бидон инро фақат тадбиру бархез!»
Ба одам гуфт ҳар кўҳи азиме,
Ки: «Хоҳӣ бо бузургон гар надимӣ,
Агар монанди барфи қуллаи ман
Даруни синаат соф асту равшан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё