Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳасан аз аспу аз ароба магар
Метавонад, ки дасту дил шўяд,
Метавонад, ки аз аробакашӣ
Дил канад, касби дигаре ҷўяд?

Балки ин фикрҳо ҳанўз ба ў
Менамоянд аз ҳақиқат дур,
Балки дорад вай аз аробакашӣ
Дар сари худ ҳанўз кибру ғурур.

Хешро борҳо тасаллӣ дод,
Ки басе халқро ба кор оям,
Ба маҳалҳои дуртар рафта
Бор бардораму савор оям.

Ба ароба ҳанўз муҳтоҷанд
Мардумони вилояти Кўлоб,
Мисли ман, аспи ман, аробаи ман
Дар чунин ҷойҳо бувад камёб.

Монеи роҳи ман шудаст аммо
Духтари шўхчашми беинсоф.
Ваъдаи тўй медиҳад ба забон,
Дар амал мекунад ба ваъда хилоф.

Кардаам гум сари калобаи худ…
Кошки чанд сол пеш аз ин
Ман намекардам иштирок ба тўй,
То намедидам он ситораҷабин.
Балки ў дўстам намедорад,
Ба ман аммо намекунад маълум,
Балки ин сайру гаштҳои маро
Дар дили хеш мекунад маҳкум.

Аз Садаф шиква кард гарчи Ҳасан,
Бехабар буд аз гуноҳи худ.
Ба Садаф охир ў ягон боре
Мисли ошиқ забони хуш накушуд.

Ў нагуфтаст то кунун ба Садаф
Ошкоро, ки «дўстдори туам,
Гарчи дил кард саркашӣ, лекин
Сайди деринаи шикори туам».

Ҳасан аз чойхона берун шуд,
Ба умеде ба сўйи ёр омад.
Баста зангўлаҳо ба гардани асп
Ба суроғи Садаф савор омад.

Омаду истод дар паси дар,
Бо ду по рост шуд ба рўйи зин,
Чашм андохт аз сари девор
Ў ба ҳавлии дилбари ширин.

Буд сархам Садаф ба рўйи китоб
Бехабар аз нигоҳҳои Ҳасан.
Дар таги ток дарси худ мехонд,
Ғофил аз ҳуштаку имои Ҳасан.

пешина
аз 143
навбатӣ