Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Дасти ларзони ошиқи шайдо
Ҳалқа бе интизом бар дар зад,
Дили маҳбубаи паридахаёл
Ба тапиш чун дили кабўтар зад.
Дари пўшида зуд во гардид,
Ошиқон рў ба рў ба ҳам буданд,
Чашм бар чашми ҳамдигар нигарон
Толиби шафқату карам буданд.
–Марҳамат! Аз кадом сў пурсем?
Ту ба монанди боди саҳроӣ,
На макон дорию на ҷойи қарор
Дер боз аст, ки намеоӣ?
Сангдил будаӣ ту, донистам
На худат мекунӣ суроғ аз ман,
Хабареро намефиристонӣ
Магар ин аст лофи ишқ задан?
Садаф аз шодияш намедонист
Ки чӣ гўяд дигар, чӣ кор кунад.
Боз пайдо кунад чӣ сон гапҳо
Ки ҳама арзро ба ёр кунад.
Медамиданд дар ду рўйи Садаф
Дам ба дам рангҳои гуногун,
Орзую умедҳои дилаш
Мешукуфтанду мешуданд афзун.
Садафи чашмдўхта ба Ҳасан
Буд муҳтоҷи ҳарфи ширине,
Як нигоҳе, табассуми гарме,
Ба дили беқарор таскине.
Зада қамчин ба соқи мўза Ҳасан
Гапи худро дағал-дағал сар кард,
Духтари чун баҳор хандонро
Дар хиҷолат гузошт, музтар кард.
– Ба сари ман худи ту – маймунбоз,
Бор кардӣ азоби дунёро,
Ба дили ман худи ту ҷо кардӣ
Мисли «маҳбуба», «ишқ» гапҳоро.
Ақлу ҳуши маро ту дуздидӣ,
Дар сари роҳи ман дучор шуда,
Бой додам ба роҳи ту ман ҳам
Ҳамаро марди бадқимор шуда.
Карда будӣ ту масхарабозӣ
Ин қадар вақт боз бо мани гўл,
Дар дами гўши ман махон дигар
Достони фироқ чун булбул.
Гар дилат бо ман аст, бо ман бош,
Ваъдаи дур ё қариб мадеҳ.
Карда аз рўйи дил карашмаву ноз
Бо гапи хуш маро фиреб мадеҳ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё