Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мегузаштанд дар ҳамин лаҳза
«Зис»-ҳо мисли кўҳи силсиладор,
Мекашиданд пахтаро ба завод
Чида болои ҳам қанор-қанор.

Аз паси корвон Ҳасан дере
Дар хаёли кадом коре шуд.
Ашк аз дидаҳои ҳайронаш
Дона-дона ба рў-ш ҷорӣ шуд.

Бо Ҳасан дошт солҳои сол
Ошноӣ раиси як колхоз,
Аз раҳи дўстӣ, шиносоӣ
Мешуд онро ҳамеша маҳрами роз.

Рафт рўзе Ҳасан ба пеши дўст
То ба ў арзи ҳол бинмояд, –
«Пайи ҳар кор маслиҳат бояд
Кори бемаслиҳат накў н-ояд».


Рўйи саҳни идораи колхоз
Пур буд аз фавҷи одаму овоз.
Бо тақотуқ механик Искандар
Менамояд машинаҳоро соз.

Сару рў Васяи тракторчӣ
Нафтолуд ояд аз саҳро.
Дар тарозу кашанд бо навбат,
Хирмани пахтаҳои аълоро.
Бачагон мисли селаи гунҷишк
Мебароянд аз дари мактаб.
Гуфтугў мекунад раис бо халқ,
Сифати корро намуда талаб.

Ба Ҳасан чун фитод кори раис,
Гуфт, ки: – Пеш о, машав ҳайрон!
Дўсташро Ҳасан намуд оғўш,
– Омадам, гуфт пеши ту меҳмон.

Марҳамат кун, биё, ки омаданат,
Ҷўраҷон, айни муддаои мост,
Дўст болои дида, нури чашм
Сафарат аз куҷост то ба куҷост?

– Сафарамро мапурс, агар гўям,
То саҳаргаҳ намешавад охир,
Дуксиёҳию нобарориҳо
Ҳама аз қисматанд, аз тақдир.

Дўстам, ту раиси колхозӣ,
Шукр, колхози бой дорӣ ту,
Миллионерӣ ту, миллионер,
Дасти мушкилкушой дорӣ ту.

Хостам аз ту маслиҳат пурсам:
Пешрав нест кори ман ҳаргиз,
Ҳар куҷо, ки равам, намебинам
Ҷуз уқубат, азоб дигар чиз.

пешина
аз 143
навбатӣ