Зеҳн
Гулчини ашъор - Мирзо Турсунзода

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 143 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба азобат худат гунаҳкорӣ!
Гар нагардад ҷўйҳо дарё,
Дар дили дашт мешаванд адо,
Мисли ҷўй аст одами танҳо!

Бахту давлат ба дастҷамъии мост,
Ту нафаҳмидаӣ ҳанўз инро,
Аз қафои ароба мегардӣ
Ҷустуҷў карда кайфи деринро.

– Қасд кардам, ки баъд аз ин бояд
Бо ту бошам, машинарон бошам,
То ту бинӣ, ки ман дар андак вақт
Дар сафи пеши шоферон бошам.

Зери лаб ханда карду гуфт раис:
– Ман ба фикри ту розиям сад бор,
Лекин аввал машинаро омўз,
Илми ин касбро ба дастат ор.

Аз ароба машинаро кун фарқ,
Техника андакест мушкилтар.
Майл дорӣ агар ба касби нав,
Корро рафта сар намо аз сар.

Гар ба ин маслиҳат ту не гўӣ,
Гир бар зимма хизмати колхоз.
Вохўрад кори хоксорона
Нанамоӣ ба шарти он ки ноз.
Асп хоҳӣ ту, асп ҳам дорем,
Лақайаспи зотӣ ҳам бисёр.
Гар ту хоҳӣ аробакаш монӣ,
Хоҷагиро ароба ҳам даркор.

Тоқиашро ба сар ниҳода Ҳасан
Хест аз ҷову по ниҳод хамўш,
Рафт андешаманд сўйи сарой,
Гардани аспро намуд оғўш.

Гуфт: - Эй аспи ман, саманди ман,
Дўсти бегумони ман ҳастӣ,
Солҳои дароз аз хурдӣ
Мисли ҷон дар амони ман ҳастӣ.

Ҳарду дидем гармию сардӣ,
Рўзҳои азобу роҳатро,
Ҳарду гаштем гар дучори хатар.
Пеша кардем сабру тоқатро.

Бесару нўг роҳи кишвари мо
Хурда аз рафтуои мо гардид,
Бағали кўҳсори мулки Ҳисор
Манзили нақши пайи мо гардид.

Монда ҳарду ба зери обу арақ
Мегузаштем чўли бирёнро,
То саҳаргаҳ гусел мекардем
Шўълаи моҳтоби тобонро.

пешина
аз 143
навбатӣ