Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ойинабанд

Шоир зи пушти ёр ба он дилгадоияш,
Як умр чун ман аст, ки дарвештар шавад.

Ғам мехурад чу ҳаққи ҳалолаш маро мудом,
Ҳар лаҳза ҳисси камшавиям бештар шавад.


Эй фаришта, фаришта мон як умр,
Дур аз чашми одамон як умр.

Зиннати ту ғурури зотии туст,
Кош, монад дар осмон як умр.

Рӯзгори ҷавоният бодо
Дар дилу дидаи ҷаҳон як умр.

Ҳаққи ҳусну таровати худро
Аз кафи зиндагӣ ситон як умр.

Зодгоҳат баҳор мебошад,
Ёд манмой аз хазон як умр.

Одам одам намонд то охир,
Эй фаришта, фаришта мон як умр!


Дар зодрӯзи устод РУСТАМ ВАҲҲОБЗОДА

Туву мову раҳи эҷод гуфтем,
Русуми куҳнаи аҷдод гуфтем.

Варақро домани поки ҳамин хок,
Қаламро як сари озод гуфтем.
Бузургмеҳри Тоҷиддин

Барои рӯҳи Лоиқ шод кардан
Ҳама ҷоро Суханобод гуфтем.

Касе гар шеъри тар бишниданӣ шуд,
Ба ӯ шеъри туро аз ёд гуфтем.

Ду байти хуб ё бад аз дили хеш,
Гаҳе ғамгину гоҳе шод гуфтем.

Туӣ танҳо ба мо устод як умр,
Ҳазоронро агар устод гуфтем!


Ғами моро бидонад кӯдаки мо,
Зи ҳоли мо бихонад кӯдаки мо.

Дареғо, ки замони кӯдакиро
Ба ҷанги мо биронад кӯдаки мо.

Ману ту ёри дигарро биёбем,
Вале танҳо бимонад кӯдаки мо.

Ду-се бозича, ки дорад аз аввал,
Ба ҳар сӯ мекашонад кӯдаки мо.

Ба маҳ аз кибр боди сар фишонем,
Ба раҳ ашкаш фишонад кӯдаки мо.

Расад рӯзе, ки қасди хештанро
Зи дасти мо ситонад кӯдаки мо...

пешина
аз 39
навбатӣ