Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ойинабанд

Меҳри ту дар дилу ба лаб номат
Чун Самарқанду чун Бухоро бод.

Ҳамчу дил дӯстон ба ту наздик,
Дуртар ҳам зи дур аъдо бод.

Ғам туро ҳеҷ гаҳ наёбад кош,
То абад бенасибу танҳо бод.

Ҳар дуо аз Бузургмеҳре буд,
Мустаҷоб аз Худои якто бод...


Бояд зи дари шоми сияҳранг бурун рафт,
Бе омадани субҳу шабоҳанг бурун рафт.

То рӯйи каф оранд чу тиллову навозанд,
Бояд зи дили кӯҳу дили санг бурун рафт.

Хуршед барои ҳама дунёсту аз мост,
Чун вай сазад аз доираи танг бурун рафт.

Оёти хамӯшӣ ба дилам зад, ки равон нест,
Бояд, ки чу дарё ба сад оҳанг бурун рафт.

То нек шиносанду фаромӯш насозанд,
Бояд чу Варорӯди худ аз чанг бурун рафт.

Моро бикушад ҷанги тую ман, ки каме монд,
Бояд ба дами монда аз ин ҷанг бурун рафт.
Бузургмеҳри Тоҷиддин


Ҳусни нотакрори ту такрор дар шеъри ман аст,
Ишқи пуртемори ту тӯмор дар шеъри ман аст.

Гар чу дарё пок бошӣ ҳам, раҳат ҳамвор нест,
Роҳи ноҳамвори ту ҳамвор дар шеъри ман аст.

Мешавӣ ту ёри ман, гар ҳаст ҳарфи сарнавишт,
Мешавам ман ёри ту, пиндор дар шеъри ман аст.

Кас намедонад, ки шоир карданам кори кӣ буд,
Ин қадар озори ту асрор дар шеъри ман аст.

Гарчи дар чашмони ту хомӯштар аз гавҳарам,
Пеши сад инкори ту исрор дар шеъри ман аст.

То кунун дар олами ойина меҷӯӣ, вале
Ҳусни нотакрори ту такрор дар шеъри ман аст.


Ҳар лаҳза ҳисси камшавиям бештар шавад,
Ин сафҳа дил шавад, қаламам нештар шавад.

Бегонагӣ бихостам аз дарди шоирӣ,
Афсӯси хостан, ки ба ман хештар шавад.

Корам ҳамеша соати худро шикастан аст,
Вақте, ки пеш буд зи ман, пештар шавад.

Гуфтам, ки аз итоати тақвим ҳам равам,
Ҳар сол нав биёяду дил рештар шавад.

пешина
аз 39
навбатӣ