Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ойинабанд

«БЕҲТАРИН ШЕЪР»

Шоири ӯ будам аз рӯзи азал,
Гар барои ӯст шеърам то ҳанӯз.
Мешудам наздиктар гар ҳамчу шаб,
Дуртар мегашт умре ҳамчу рӯз.

Шеърам аз дарду ғамаш мехӯрд об,
Тозаву тар буд аз ин рӯ чунон.
Аз дили куҳсор як дарёву бас,
Аз дили ман буд сад байти равон.

Нест дар ёдам нахустин шеър, лек
Хуб медонам, ки буд аз ишқи ӯ.
Гашт дунёи хароб аз дасти ғайр
Қалби ободам, ки буд аз ишқи ӯ.

Гарчи аз ман нест то вай ҳеҷ роҳ,
Низ то ёри дигар роҳам намонд.
Беҳтарин шеъри дили ман ишқ буд,
Во дареғ, аз чашмҳои ман нахонд...

МАҶОЗӢ

Бардошт аз сомонаи ФЕЙСБУК

Олам маҷозӣ шуд,
Одам маҷозӣ шуд.
Бошад маҷозӣ Ишқ,
Дил ҳам маҷозӣ шуд.

Шоир маҷозӣ шуд,
Сарвода бозӣ шуд.
Ҳаққи қалам - як лайк,
Бо сарфарозӣ шуд.
Бузургмеҳри Тоҷиддин

Ҳар кас, ки ин ҷо шуд,
Бедасту бепо шуд.
Дунёи сеюм дид,
Кӯри ду дунё шуд.

Ин ҷо на Сино шуд,
Не як Сайидо шуд.
Сарфи зиёди мо
Умри ками мо шуд.

Чун хори ин ҷоем,
Безори ин ҷоем.
Аммо, дареғу дод,
Бемори ин ҷоем...

ХАНДАИ БАРДАВОМ

Дар яксолагии духтарам ФУРӮҒ

Резаборону қатрадарёӣ,
Лек озодагии дунёӣ.
Рафт дирӯзу меравад имрӯз,
Ту давоми манӣ, ту фардоӣ.

Рақсу бозӣ барои ту зебад,
Сарфарозӣ барои ту зебад.
Сӯйи ман, сӯйи модарат ҳар гоҳ
Дастёзӣ барои ту зебад.

Аз саҳар то ба шом механдӣ,
Ҳамчу хуршеди бом механдӣ.
То даме дур аз ғаме бошам,
Ин қадар бардавом механдӣ.

пешина
аз 39
навбатӣ