Дили Ойинабанд

Дили ойинабанд
Гар нагардам ба шоирӣ устод,
Монда дар нимроҳаи эҷод,
Гуфтам аз дил Фурӯғ номи туро,
То шавӣ чун Фурӯғи Фаррухзод!
ДАРЕҒИ ИШҚ
Ба дурии ту наздик омадам ман,
Надорам ҷуз "Худо ёрат" каломе,
Ки медонам чу хуршеду чу маҳтоб
Намеорад туро субҳеву шоме.
Ба ёди хандаат мегирям ин ҷо,
Ки борон роҳи худро мекунад гум.
Нишин огаҳ, ки бахтатро наёбад,
Дили ман оҳи худро мекунад гум.
Туро "лаъли Бадахшон" гуфта будам,
Накардӣ ту маро дорои худ лек.
Зи ду дунё гузар кардам ба як дам,
Надодӣ ҷой дар дунёи худ лек.
Ману ту он шабу рӯзи паси ҳам,
Ки рӯ бо рӯ ба армоне нагаштем,
Зи баъди он ки тифле бегунаҳ мурд,
Ба ҷисми ҳамдигар ҷоне нагаштем.
Дили мо мурд аз сардиву тангӣ,
Валекин бин, ки ҳоло мо намурдем.
Дар ин дунё пас аз Фарҳоду Ширин
Ба ҳам дил дода, аз ҳам дил набурдем.
Дареғи ишқи навмеди ману ту,
Ки мо кардем сад раҳ рӯсиёҳӣ.
Зи ҳар пасту баланди зиндагимон
Шуданд огоҳ аз маҳ то ба моҳӣ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё