Дили Ойинабанд

Бузургмеҳри Тоҷиддин
ОХИРИН ҚАДАМ
Ту ҳар қадар, ки метавонӣ, боварам макун,
Ки дӯст дорам он қадар туро!
Дар ин диёр, агар ҳазор кас ба сина мушт мезанад,
Ҳанӯз ошиқи ягонаи туам!
Барои он ки аз дилат равам,
Зи шаҳр кӯч бастаӣ,
Шумораҳои хешро иваз намудаӣ,
Дар ин фазои беканораи маҷоз ҳам саҳифаи дигар кушудаӣ,
Вале ҳанӯз дар дили туам,
Ки дил ҷаҳони ҷовидони одамист!
Ту боз ёд мекунӣ маро,
Дар ин фазои беканораи маҷоз
Навиштаҳои тозаи маро ту интизор мешавӣ,
Бад-он умед,
Ки боз ҳам барои ту навиштаам...
Бихону хандаҳои гирядор кун,
Ки ин навишта ҳам барои туст.
Фасонаи шабу ҳақиқати саҳар тую манем...
Гузор охирин қадам,
Ки мерасӣ ба ман.
Ва ҳар қадар, ки метавонӣ, боварам макун,
Ки дӯст дорам он қадар туро!
Дили ойинабанд
ФАСЛИ ДИГАР
Ту аз баҳор сабзтар,
Ту фасли панҷумӣ!
Зи чор фасл
Гузаштаму туро биёфтам.
Агарчи фасли сабзу зарду гарму сард ҳаст,
Ту фасли дигарӣ!
Ту фасли фаслҳоямӣ,
Ту асли фаслҳоямӣ.
Ту васли фаслҳоямӣ...
Ту як ҳақиқатӣ,
Ки дар фасонаҳост мисли ту,
Ки дар хаёлу хобу орзуст мисли ту.
Ту омадӣ
Ба ҷойи ғам,
Ба ҷойи дард,
Ба ҷойи бекасӣ...
Ба вақти хеш омадӣ.
Кунун туӣ,
Ту моҳтоби рӯшанӣ,
Манам шаби дарозу тираат.
Ту ҳастӣ офтоб бо нигоҳи гарм,
Рӯзи сарди ту манам.
Шарори дидаи ҷавонии манӣ,
Садои қалби зиндагонии манӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё