Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Ба ном,
Ба хандаат,
Ба ҳар нигоҳ,
Ба меҳрубоният,
Ба ҷонфишоният,
Ба ҳусни осмоният...
Ту маънии навиштаҳоямӣ.

Қасам,
Ки ман туро
Даруни дил,
Даруни ҷон,
Даруни чашмҳои интизор,
Даруни шеърҳои нотамом,
Даруни бовару умед...
Ҳамеша эҳтиёт мекунам.

Ту аз баҳор сабзтар,
Ту фасли дигарӣ,
Ки мисли ту ба як замину сад замон ҳамин туӣ...

БАХТ

Замоне ӯ маро дарёфт,
Ки қалбам сард аз гармои хуршеду зи нури моҳ торик аст,
Ки ҷоям аз фарохии ҷаҳон танг аст.

Замоне ӯ маро бишнохт,
Ки дигар меҳрубониро намедонам,
Ки дигар ишқро, яъне нишони зиндагониро намедонам.

Садои пойи ӯро чун садои дил шунидам ман,
Ки танҳо аз барои интизориҳои ман наздик мегардад.
Дили ойинабанд

Баҳори рафтаро дар доманаш овард,
Бароям зиндагӣ кардан зи нав омӯхт.

Маро дар кӯчаи оворагӣ дигар намеёбед,
Нигоҳи ҳайрати худро ба дигар кӯчаҳо тобед!

РИСОЛАТ

Зарафшонрӯд
Чаро то ҳол
Ба сад ҷӯшу хурӯши хеш
Бухоро рафта, мехушкад?!

  • Аз он хушкад, ки мешӯяд дар он ҷо асрҳои аср
    Ду чашми тоҷики моро,
    Ки рӯшан гардаду ёбад
    Зи қалби хок,
    Ё зери чанорони ҳазору андсола,
    Ё аз байни хишти қасрҳои асрҳо барҷо
    Ҳамон девони то ҳоло ниҳони пири Рӯдакро.

Зарафшонрӯд
Чаро то ҳол
Ба сад ҷӯшу хурӯши хеш
Бухоро рафта, мехушкад?!

  • Бишӯяд доғи буҳтони насоро будани Дониш,
    Бишӯяд гарди талхии ҳақиқатҳои ранҷу мурдани
    Садри Зиёро дар дили зиндон,
    Бишӯяд нақшҳои пойи дар роҳи хиёнат мондаи Фитрат,
    Бишӯяд хуни захми пушти Айниро...

Зарафшонрӯд
Нашӯяд гар ҳама он ҷӯйбори хуни то имрӯз гарми бегуноҳонро,
Давоми роҳи дурашро напаймояд.

Зарафшонрӯд
Сарафшонрӯд мемонад...

пешина
аз 39
навбатӣ