Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин


Бегоҳу пагоҳро бихоҳам бо ту,
Испеду сиёҳро бихоҳам бо ту.
Гар кори савоб бе ту кардам, тавба,
Такрори гуноҳро бихоҳам бо ту.


Дарё, ки ба ҷойи ман ҷавонӣ дорад,
Аз дафтари ман сурудхонӣ дорад.
Мағрурии кӯҳсорияш кам нашавад,
То бо кафи мавҷ зарфишонӣ дорад.


Аз шамс паём бар дили сард диҳам,
Навмедии ишқро фаровард диҳам.
Устод ба ман ҳарфи ниёгон омӯхт,
То ин ки ҷавоби номаи зард диҳам.


Дарёст равон, вале ба манзил нарасад,
Зеро ки даме ба қадри соҳил нарасад.
Эй дӯст, ниёзи ман ба дастони ту аст,
Хуршед ба гарм кардани дил нарасад!


Пурзӯр маро ба сину шинам гардон,
Лоиқ ба замону ҳам заминам гардон.
То шарм зи ному насаби худ накунам,
Бо меҳр бузургу тоҷи динам гардон!


Пайроҳаи рӯзгор ҳамвор нагашт,
Ҳамвор куҷо, ки ҳеҷ бехор нагашт.
Як умри дароз шиша холӣ кардем,
Паймонаи мо валек саршор нагашт...

пешина
аз 39
навбатӣ