Дили Ойинабанд

Дили ойинабанд
ДУБАЙТИҲО
Маро то хонаи модар шитоб аст,
Ғамони беҳисобамро ҳисоб аст.
Ба пояш рӯзи сардамро расонам,
Ки ӯ дилсӯзтар аз офтоб аст.
Туро чун роз аз дил мебарорам,
Ба дунёи ҷудоӣ мегузорам.
Ҳисоби лаҳзаҳои мондаамро
Ба дасти соати дил месупорам.
Фалак фарқи гулу хоре нагӯяд,
Сабукбор асту аз боре нагӯяд.
Шавад ҳар лаҳза дигар чеҳраи ман,
Сабабро аксбардоре нагӯяд.
Дилатро тангии дунё мабодо,
Дар он ҷуз ишқи ман савдо мабодо.
Ҳама шабро саҳар бодо ба зудӣ,
Шаби мӯйи туро, асло, мабодо!
Ҳазорон ошиқи дигар бирӯяд,
Ҳазорон содиқи дигар бирӯяд.
Чу Турсунзода устоде агар ҳаст,
Ҳазорон Лоиқи дигар бирӯяд.
Бузургмеҳри Тоҷиддин
Само, чашмони бахтам кӯр будаст,
Замин, дарёи умрам шӯр будаст.
Ба гӯри танг бурдам хештанро,
Дили ӯ тангтар аз гӯр будаст.
Пас аз ӯ ёр дар дунё накобам,
Шабу рӯзон бикобам ҳам, наёбам.
Бароям дод даъватномаи тӯй,
Ҷавоби номаҳои беҷавобам.
Ба ҳукмам чархи гардун то саҳар буд,
Лаби ту бар лаби ман шеъри тар буд.
Ду дунё рафт аз ёдам ҳамон шаб,
Ки оғӯши ту дунёи дигар буд.
Агар имрӯз хандидем, беҷост,
Ки ташхиси дили мо кори болост.
Маҷӯ барномаи обу ҳаворо,
Ки ин борон давоми гиряи мост.
Бимон, Наврӯзи ман рӯйи ту бошад,
Нишони бахти ман бӯйи ту бошад.
Биафшон шеър аз мӯят, ки имшаб
Шаби эҷодии мӯйи ту бошад.
Туро бахти накӯ аз сар наояд,
Биёяд шому он ахтар наояд.
Ту дунёям будӣ, рафтам ман аз ту,
Зи дунё рафтае дигар наояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё