Дили Ойинабанд

Дили ойинабанд
Ҷаҳон аз туст, дигар зиндагӣ кун,
Бимон, эй некахтар, зиндагӣ кун.
Туро модар чунин осон назодаст,
Ба ҳаққи ранҷи модар зиндагӣ кун!
Чу ойина зи ҳуснат қисса кардам,
Дилатро пок аз ҳар ғусса кардам.
Бигаштӣ об, зеро ман чу хуршед
Ҳама барфи вуҷудат бӯса кардам.
Пас аз ман, субҳ, ёди рӯйи ӯ кун,
Пас аз ман, шом, ёди мӯйи ӯ кун.
Пас аз ман кӯйи ӯро кас наёбад,
Пас аз ман, бод, ёди кӯйи ӯ кун.
На як Лайло, на як Маҷнун бигиряд,
Ҳамон абру ҳамин Ҷайҳун бигиряд.
Зи шодӣ ашк резад одамизод,
Мабодо, аз ғами дил хун бигиряд.
Саре хок аст аз шӯри ҳақиқат,
Диле тор аст аз нури ҳақиқат.
Ба чашми хеш дидам, баста буданд
Ҳазорон даст аз зӯри ҳақиқат.
Пас аз ту бод мекӯбад дарамро,
Зи худ озод мекӯбад дарамро.
Ту, ки хомӯш рафтӣ аз дари ман,
Ба сад фарёд мекӯбад дарамро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё