Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бузургмеҳри Тоҷиддин


Замоне ки адӯ зар ҷустуҷӯ дошт,
Бад-ин раҳ Қофро дар рӯ ба рӯ дошт,
Зи шаҳди зиндагонии дурӯза
Лаби ман бо лаби ту гуфтугӯ дошт.


Лаби чун ғунчаатро нӯши дигар,
Дили девонаатро ҷӯши дигар.
Раҳи умри туро дидам, ки будаст
Зи як оғӯш то оғӯши дигар.


Бикун бовар, ки рафтам аз ҷаҳонат,
Ба ҳам будем аз қисмат амонат.
Баҳори ман набудӣ ҳеҷ фасле,
Набудам низ фасле ман хазонат!


Шабонгаҳро маҳе бояд, азизам,
Маро то ту раҳе бояд, азизам.
Гадои раҳгузар гуфтӣ маро, лек
Гадоро ҳам шаҳе бояд, азизам.


Сари мову сарои ту, азизам,
Хати мову хатои ту, азизам.
Ту нуре аз Аҳурою ба ҳам бод
Шаби мову ҷилои ту, азизам.


Бихоҳам дар ҳавои ту бимирам,
Чу ахтар дар самои ту бимирам.
Барои дигарон гар зинда будам,
Иҷозат деҳ, барои ту бимирам.
Дили ойинабанд


Сари шӯридаро ҳастӣ ту сарвар,
Раҳи печидаро ҳастӣ ту раҳбар.
Ба поси рӯзу шабҳои пур аз нур
Манам дар чашмҳои ту чу гавҳар.


Зи чашмам рафтаӣ монанди дирӯз,
Намеоӣ вале монанди имрӯз.
Маро бе ту набошад ҳеҷ фардо,
Биё аз дурҳо бо роҳи Наврӯз.


Наорӣ ёд Синои Худоро,
Наарзӣ гар ту дарди бедаворо.
Шакуриро набишносӣ, чӣ парвост,
Ту эй нашнохта Садри Зиёро!


Зи шодӣ то ба ғам дигар гурезам,
Саросар хокро бо каф бибезам.
Зи дасти марги ёри ҷонии хеш
Ба пойи зиндагонӣ ашк резам.


Писанди ту шавад шеъре, ки гӯям,
Гули хушрӯю хушбӯӣ, ки бӯям.
Наёбам аз ҷаҳону ёбам аз ту,
Аё дилбар, ҳар он чизе, ки ҷӯям.


Биё, сабзинаи деҳи Қаротоғ,
Туро ман интизорам боз дар боғ.
Бад-он покии домону дили хеш
Намон, зинҳор, дар рӯйи дилам доғ.

пешина
аз 39
навбатӣ