Зеҳн
Дили Ойинабанд

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дили ойинабанд

Мо ҳама мағлуби бозияш шавем,
Шоҳмоту нард дорад зиндагӣ.

Гуфтаанду гуфтаеду гуфтаам:
"Фасли сабзу зард дорад зиндагӣ"...


Нуру сафои хона нигаҳ дор, эй Худо,
Модар бувад ягона, нигаҳ дор, эй Худо.

Бе модар аст зиндагиям маргтар зи марг,
Ӯро ба ин баҳона нигаҳ дор, эй Худо.

Ҳур аст модари ману дунё фасона аст,
Ин ҳур дар фасона нигаҳ дор, эй Худо.

Тасбеҳу дастҳои варо бо дуову зикр
Чун шохи пурҷавона нигаҳ дор, эй Худо.

То бӯсаҳо занам ба қадамҳои ӯ, маро
Сар андар остона нигаҳ дор, эй Худо.

Охир, маро ба ҳаққи таманнои модарам
Як шоири замона нигаҳ дор, эй Худо...


Худ зи ҷаҳон гурехтам, марг баҳонаи ман аст,
Буд ҳақиқатам агар, боз фасонаи ман аст.

Рафтани дигарон гар аз рафтани умри хеш буд,
Рафтани ман зи рафтани ёри ягонаи ман аст.

Эй, ки маро нахостӣ, хоҳу нахоҳ баъд аз ин
Дар лаби рӯди Зарфишон шеъру таронаи ман аст.

пешина
аз 39
навбатӣ