Зеҳн
Ишқи сархӯр

Агенти Зеҳнӣ · 28 октябри 2026 · 234 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Як чи гӯям, ба ҳамин хона овардани духтари шуморо, ҳамин бачаҳо, – ӯ ба бачаҳои ҳамроҳаш ишора кард, – дида будаанд, нав, ҳозир дар шуъбаи милитсия ҳам шаҳодат доданд. Дидаанд, ки Сархӯр харашро пешандоз карда, хонаашон меомадааст, бори хараш ҳезум, дар болои дарзаҳои ҳезум, баҷон буда ё беҷон, як духтар. Хайрият, ки ҳаминҳо дидаанд.
Вагарна духтар чунон гуму беному нишон шуда мерафт, ки об ба обаш намебаромад. Ҳамин ҳоло ҳам духтар дар куҷо?
На ӯро меёбанду на Сархӯрро. Ба ман раҳмат гӯед, ки ҳамин шаб хобро надида, чашми рӯз накафида, бачаҳоро ҳамроҳам гирифта, худамро ба дари идораи милисаҳо задам. Масъаларо ҳамин тавр намондам, ҳамаро бапо хезондам, пешдаро шуда, онҳоро ба ҳамин хонаи бева овардам, вале аз Сархӯру духтар на пай буду на ҳайдар. Ҳамин қадаре, ки милисаҳои бечора худашонро чордарон карда, аз Санами рӯсиёҳ мепурсиданд, ки канӣ бачааш, канӣ духтар, вай хап, гунгу кар, чӣ қадар мушту қундоқи автомат хӯрд, санги мазор, дам ба дарун, сию ду дандон сафед накард. Милисаҳои худозада, қарибе мана туҳматчӣ бароварданд. Баъд ақлашон расид, ки хонаи беваро сӯзанкоб карданд, ягон тарқишу сӯрохӣ намонд, хайрият аз кадом таги як бурё зару зевар, тилловориҳои духтарро ёфтанд. Баъд рӯзи сиёҳи беваи Санам сар шуд, ҳамааш ба дилам шуд. Вайро зада-зада ба дастонаш ишкел андохта, пешандоз карда бурданд. Қоил нашуд, беваро кашола карда район бурданд, суд мешавад, суди калон. Ана, ҳамин хел муҳтарам, соҳибони духтар. Акнун гӯед, ки Гулрез хизмат кардааст ё не?
– Хизмат кардааст, – овозҳо баланд шуд.
– Мукофотам?
– Мо қарздор, ҷонамон аз они шумо.
– Марги ҷонатон, безорам аз ҷони шумоҳо, мошинатонро мегирам.
– Садқаи саратон, – овози Шоҳпур шунида шуд.
– Бо ин халос намешавед, ҳамаи корҳо аз рӯи қонун мешавад, мепурсанд, месанҷанд, дар дафтар менависанд. Шумоҳо ҳамаатон даъвогар, шоҳид мешавед, ҳамаатонро ҳамин ҳозир худам пешандоз карда милисахона мебарам.

пешина
аз 234
навбатӣ