Ишқи сархӯр

Хезед!
– Мо ҳеҷ куҷо намеравем, – падари Лутфия, марди солхӯрдаи зиндагидида ба суханҳои зан гӯш дода, ба хулосае омад, ки талаби ӯро рад намояд.
– Намеравед?! Маро дар ин ҷанҷол танҳо мегузоред? Ман барои кӣ аз шаб боз сӯхта-пухта медавам? Барои худам? Духтари шумо ба ман кӣ мешавад? Лекин дилам барояш сӯхт, ҷигарам пора гашт. Ман ҳамин хел одам, ман Гулрез, ҳоло бо собуни ман ҷома нашустаед, дар хубӣ ман хуб, дар гандагӣ очаи зори одама дар чашмаш нишон медиҳам, канӣ хезед!
– Мо ба ҳеҷ куҷо намеравем, – ҳама якҷоя овоз бароварданд.
Гулрез оташинтар шуд. Дар ҷавоб ба «носипосҳо» чӣ гуфтанашро надониста, забон мехоид, дар ҷои ист сумак мезад ва рӯ ба дарвоза оварда, онро муштборон мекард, ба ногоҳ дар сари як мехи танаи дарвоза қулфе овезон дида, чи фикре ба хаёлаш зад, ки ҳушаш баҷо омад, роҳи ҳалли мушкилро ёфт, ба қулф чанг андохт.
– Ман ба шумоҳо «ла-ла, пе-пе» карда намешинам, гапамро, ки нагирифтед, сазоятон, ман, – даст ба сандуқи сина гузошта, – ман, ана ҳамин ман, Гулрез, фармон медиҳам, ки то ман баргаштан аз ҷоятон намехезед, намеҷунбед, меравам, милиса мебиёрам, ана, баъд чорпо шуда ба милисахона медавед, ман рафтам, – гуфту аз дарвоза баромада ҳарду табақаи онро пӯшид, ба дарвоза қулф андохт.
«Гапногирҳо» дар даруни ҳавлӣ монданд, надонистанд, нафаҳмиданд, зане ки худашро Гулрез номид ва гуфт, ки ҳоло бо собуни вай ҷома нашустаанд, дар як дам онҳоро ба чӣ балое гирифтор кард. Дар деҳаи мардум, дар ҳавлии як одами бегона маҳкам шуданд, зан рост мегуфтааст, ки онҳо бо собуни вай ҷома нашуста будаанд, ҳама маҳву мот, карахт, ба ҳамдигар чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Гӯё ҳама ба ҳабс гирифта шуда буданд.
Дар айни намози ҷумъахонии бобои Ӯзбакхоҷа ба телефонаш занг паси занг омадан гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё