Ишқи сархӯр

– Ҳамин ҳозир, лаҳзае нагузашта як кор мекунӣ?
– Чӣ кор, бобо?
– Як қулфро мекушоӣ, асбобҳоятро гир, ба паси дари хонаи Сархӯршон биё, зуд.
– Роҳакӣ шудам, бобо. – Дар гирди лабони бобои Ӯзбакхоҷа табассум мавҷ зад.
– Ту Фирӯзро намедонӣ, – кӣ будани вайро мефаҳмонд тағо, – набераам, насли нав-дия, аз ҳама чиз бохабар, ҳама чиро медонад, компютер дорад, зеҳнаш тез, худ ба худ як илмро аз худ кардааст, тамоми қулфҳоро мекушояд, ҳама қоиланд, ба қулфашон як гап шавад, мардум ба сари вай медаванд. Ҳоло мо ҳам ба Фирӯз корафтод, тавба, тавба, – хандида-хандида тағо сар боло кард.
Фирӯз аллакай дар паси дарвоза, атрофи қулф ҷумбуҷӯл дошт.
Нексии шалақлақа ба роҳ даромад, мусофирҳояш боз ҳамонҳое, ки аз Шоҳмансур ба Сафедоб омада буданд. Ҷои тағо боз ҳам паҳлуи Шоҳпур. Ӯ ҳанӯз роҳнамо, аммо онҳоро ба куҷо мебурд, намедонистанд, аз канори боғу роғ, аз назди чашмасорону ҷӯйчаҳои пуробу сабзазорон мегузаштанд, аз ҷойҳое, ки дар умрашон надида буданд.
– Шумо моро куҷо мебаред? – Вақте аз деҳа баромада теппаро хамида, аз як пули назарногир, кӯҳнаи болои дарёча мегузаштанд, тоқати модари Лутфия намонда дилашро кафонд. – Тағо мегӯм роҳи хонаатонро гум кардед? Аз Сафедоб баромадем.
– Ман имшаб шуморо хона намебарам.
– Ба шумо чӣ шудааст, тағо? Аввалаш, ки моро дар роҳ партофтед, аз мо гурехтед. Ба сарамон бало омад, ҳоло рӯз бегоҳ шуда истодаасту намедонем куҷо меравем.
– Ҳоли мефаҳмонам, – тағо аз Шоҳпур хоҳиш кард, ки мошинро аз роҳ якнима нигоҳ дорад, – намефароем. Ту Меҳринисо, аз кӯдакиат малолшавак будӣ, ҳоло ҳам ту ҳамон хел, надидӣ вай занак ба саратон чӣ рӯз овард, вай ба сари милисаҳо рафтааст, онҳоро оварда бошад, мебинад, ки шумоҳо қулфро шикаста баромадед, дар ҳавлӣ аз шумоҳо на ному на нишон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё